Артиши миллӣ аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва сипари боэътимоди давлат аст – ҳамоишҳои идона дар Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат
ДУШАНБЕ, 23.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-умин солгарди таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ тамоми иштирокдоронро бо ин санаи фархунда табрик намуда, зикр кард, ки Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва сипари боэътимоди давлат маҳсуб меёбад.
Мавриди зикр аст, ки Артиши миллӣ давоми 25 сол озмоишҳои ҷиддиро пушти сар намуда, ҷиҳати баланд бардоштани қудрати дифоии ҷумҳурӣ ва ҳифзи музаффариятҳои истиқлолияти давлатӣ қадамҳои устувор мегузорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри мустаҳакам намудани қобилияти мудофиавии мамлакат, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароити моддиву техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ менамояд.
Зикр шуд, ки Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамчун як ҷузъи ҷудонашавандаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифз ва ҳимояи сарҳади давлатӣ, тамомияти арзӣ ва манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарҳади давлатӣ фаъолият намуда, дар ин муддат ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидааст. Хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадӣ дар лаҳзаҳои душвор ҷасорату мардонагӣ зоҳир намуда, барои ҳифзи сарҳади давлатӣ, пойдории сулҳу субот ва ҳимояи сохти конститутсионӣ борҳо ҷоннисорӣ намудаанд.
Бояд гуфт, баланд бардоштани малакаи касбии сарҳадчиён, вусъати корҳои тарбиявӣ, ҷобаҷогузории кадрҳо, риояи интизоми ҳарбӣ, садоқат ба Савганди ҳарбӣ, мубориза ба муқобили терроризми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҳимояи боэътимоди сарҳади давлатӣ масъалаҳое мебошанд, ки пайваста дар мадди назари Пешвои миллат қарор доранд.
Дар анҷоми маросими тантанавӣ афсароне, ки дар фаъолияти хизматӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, аз номи Раиси КДАМ ҶТ ва Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ бо рутбаҳои ҳарбии навбатӣ, ифтихорномаҳо, нишонҳои сарисинагӣ, медалҳои ҷашнӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамчунин дирӯз дар толори Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вохӯрии хизматчиёни ҳарбӣ бо собиқадорони Қӯшунҳои сарҳадӣ ва намояндагони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадӣ ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, иштирокчиёни ҳамоиш оид ба мазмуну муҳтавои бандҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, доир ба Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри муқовимат бо экстремизму терроризм музокира намуданд.
Раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Қобилҷон Усмонов оид ба нақши Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот ва оромии Тоҷикистон ёдовар шуда, хизматҳои Пешвои миллатро дар роҳи ба ҳам овардани миллати парешонгаштаи тоҷик баланд унвон карданд.
Ҳамчунин собиқадори Қӯшунҳои сарҳадӣ, собиқ муовини Фармондеҳи ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал майори мустаъфӣ Абдуҷаббор Ҳамидов ба ҳозирин аз таърихи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар солҳои душвор сухан гуфта, ҳайати шахсии Раёсати ҚС КДАМ ҶТ дар вилояти Суғдро барои хизмати софдилона, ҳушёрию зиракии сиёсӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии миллати соҳибтамадуни тоҷик ҳидоят намуд.








СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад






