Артиши миллӣ қувваи бузургест, ки амнияту осоиштагии мардумро таъмин мекунад

Февраль 22, 2018 16:04

РАШТ, 22.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Артиш яке аз нишонаҳои асосии мавҷудият ва пояи устувори давлат мебошад. Артиши  миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваи бузургест, ки амнияту осоиштагии мардумро таъмин намуда, кафили сулҳу суботи ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияҳои минтақаи Рашт бахшида ба 25 -умин солгарди таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ҷалби ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ дар қисмҳои низомии минтақа ва муассисаҳои таълимӣ озмунҳои варзишӣ ва чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ташкил намудаанд. Инчунин барои болидахотирии сарбозон дар минтақаи Рашт дар қисмҳои низомии ноҳияҳои Рашту Сангвору Лахш дастархони идона ороста,   модарон ва занони ҳунарманди минтақа ба аскарон хӯрокҳои миллӣ омода намуданд.

Прокурори ҳарбии гарнизони Рашт Идибек Собирзода зикр намуд, ки бо дастгирии Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон артиши миллӣ давра ба давра такмил ёфта, имрӯз ба яке аз рукнҳои  асосии давлатдории  халқи мо табдил ёфтааст. Хушбахтона, имрӯзҳо дар қисмҳои ҳарбии гарнизони Рашт барои сарбозон  тамоми шароит,  аз қабили хобгоҳ, ошхонаи замонавӣ, хонаи дидорбинии сарбозон бо волидайн, синфхонаҳои таълимӣ, майдонча ва толорҳои варзишӣ бо шароити муосир муҳайё мебошанд.

Таъмини волоияти қонун, риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи  қонунҳо, таъмини талаботи оинномаҳои  ҳарбию сарҳадӣ, ки назорати ин  санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба зиммаи мақомоти  прократураи ҳарбӣ  вогузор карда шудааст, хеле беҳтар шуда, содирнамоии ҷиноят ва дигар вайронкуниҳо кам гардидааст. Дар қисмҳои  ҳарбӣ мубориза бо ҷинояткорӣ ва дигар қонунвайронкуниҳо тақвият ёфта, савияи дониши хизматчиёни ҳарбӣ дар сатҳи зарурӣ қарор дорад. Интизоми ҳарбӣ ба талаботи қонунгузории ҷорӣ ва оинномаҳои  ҳарбиву сарҳадӣ ҷавобгӯ мебошад.
Сардори Мактаби автомобилии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи минтақаи Рашт Аҳмадҷон Аҳмадов гуфт, ки ватандӯст будан маънои пайваста мустаҳкам гардонидани  иқтидори ҳарбӣ, иқтисодиёти мамлакат ва баланд бардоштани  омодагии шахсӣ барои муҳофизат кардани  ватан мебошад. Мактаби автомобилии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи минтақаи Рашт ба тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии  ҷавонону наврасон машғул буда, соли сипаригардида аз ҳисоби ҷавонон 90 нафар мутахассис тайёр намуд, ки онҳо ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ дохил гардиданд. Айни замон 60 нафар ҷавонон дар курсҳои ронандагӣ таҳсил менамоянд, ки дар оянда ҳамчун ронанда  ба хизмати ҳарбӣ мераванд.
Сарбози қатории қисми низомии 02011-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмуртазо Арбобов  ҷавонони ҷумҳуриро  даъват  намуд, ки барои ҳифзи ватану миллат ҷавонмардона рафтор кунанд ва ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ дохил шаванд.

“Муддати панҷ моҳ мешавад, ки дар ноҳияи Рашт хизмати Ватан-модар мекунам. Шароити зиндагии сарбозон хуб буда, ҳамеша бо либосу пойафзол ва хӯроки гарм таъмин мебошем. Инчунин муносибату муомилаи афсарон бо сарбозон хуб аст  ва қисмҳои низомӣ  пайваста  зери назорати  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор доранд”,-гуфт Саидмуртазо.

Февраль 22, 2018 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид