АВБОШИҲОИ ГУРӮҲӢ ПЕШГИРӢ МЕШАВАНД. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба ҳар як муассисаи таълимӣ корманди милитсияро вобаста намуд
ДУШАНБЕ, 26.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон ва муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ҳар як корманди ҳайати миёна ва калони роҳбарикунандаи дастгоҳи марказии Раёсат ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи махсус ва олии шаҳри Душанбе вобаста гардонида шуд. Дар ин бора аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Бояд гуфт, ки давоми соли 2017 бо иштироки мактаббачагон 4 ҷинояти авбошии гурӯҳӣ содир гардид, ки дар натиҷа 2 нафар ҳалок ва 4 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Яке аз ҳадафҳои дигар ва муҳими роҳандозии иқдоми мазкур пешгирии авбошиҳои гурӯҳӣ миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ мебошад.
Ба иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, ташаббуси мазкур иқдоми навбатии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ, шомилшавии ноболиғон ва ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ҳолатҳои бо мошинҳои шахсӣ, телефонҳои мобилӣ ва бо либоси ғайритавсиявӣ ҳозир шудани хонандагону донишҷӯён ва ташкили назорати доимӣ дар муассисаҳои таълимӣ буда, бо назардошти талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Дар бораи маориф» ва фармоишоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба баъзе масъалаҳои ба танзим даровардани раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ» роҳандозӣ гардидааст.








СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад






