Азизулло Исматзода: «Кам шудани буриши худсаронаи дарахтон ба аз байн бурдани маҳдудияти истифодаи барқ рабт дорад»
ДУШАНБЕ, 09.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кам шудани буриши худсаронаи дарахтон, пеш аз ҳама, ба аз байн рафтани маҳдудияти истифодаи барқ дар фасли зимистон рабт дорад. Ин матлабро директори Агентиии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Исматзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.
Ба иттилои А. Исматзода, соли 2017 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буриши худсаронаи дарахтон дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2016 16 % кам шудааст. «Дар ҷумҳурӣ истеҳсол шудани зиёда аз 1 млн. тонна ангишт, беҳбуд ёфтани таъмини аҳолӣ бо гази моеъ ва баланд шудани сатҳи маърифати экологии шаҳрвандон сабаби дигари коҳиш ёфтани буридани дарахтон барои сӯхтан дар мавсими зимистон мебошад»,-гуфт номбурда.
Бояд зикр намуд, ки ҳифз ва ҳимояи ҷангал аз сӯхтор, дарахтбурӣ ва шикори ғайриқонунӣ тибқи талаботи Кодекси ҷангали ҶТ вазифаҳои асосии соҳаи хоҷагии ҷангал маҳсуб меёбанд. Ба иттилои роҳбарияти ин ниҳод, давоми соли 2017 аз ҷониби кормандони он 1447 санади қонунвайронкунии ҷангал ба маблағи 445, 5 ҳазор сомонӣ зарар тартиб дода шуда, аз он 265 ҳазор сомониаш пардохт карда шудааст.
Тавре директори Агентиии хоҷагии ҷангал зикр кард: «Қисми зиёди қонунвайронкунии ошкоргардида, аз ҷумла, 60%-ро асосан буриши худсаронаи дарахту буттаҳои ҷангал ва 40%-ро қонунвайронкуниҳо дар самти чорвочаронӣ, ҷамъоварии меваи худрӯй, гиёҳҳои шифобахш, шикори беиҷозат ва дигар намудҳо ташкил медиҳанд».
Азизулло Исматзода аз ин нишондод изҳори таассуф намуда, гуфт, ки дарахт як ҷузъи экосистема ба ҳисоб меравад: «Мо бояд дар замони тағйирёбии иқлим кӯшиш намоем, ки дастҷамъона дар сабзонидани ниҳолҳо саҳмгузор бошем ва дарахтону буттаҳои мавҷударо ҳифз намоем».








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






