Аъзои Маҷлиси миллӣ се қонуни конститутсиониро ҷонибдорӣ намуданд

Февраль 17, 2018 10:24

ДУШАНБЕ, 17.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Наздик ба бист масъалаи ҳаётан муҳим  дар иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нимаи дуюми рӯзи 16 феврал дар Душанбе доир шуд, аз ҷониби аъзои палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон баррасӣ ва ҷонибдорӣ гардиданд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки аъзои Маҷлиси миллӣ  се қонуни конститутсионӣ, аз ҷумла Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани  тағйиру иловаҳо  ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро  баррасӣ намуданд. Масъалаҳои иҷлосияро раисони Кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон, Маҳмадюсуф Имомзода, Давлатшо Гулмаҳмадзода, Раҳмоналӣ Амирзода шарҳу тавзеҳ доданд. Таъкид шуд, ки ҳадаф аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  такмили қонунгузории кишвар, мутобиқ намудан ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими адолати судӣ, ҳимояи ҳуқуқи интихобкунандагон,  таъмини амнияти фазои интихоботии кишвар ва баргузор намудани интихоботи шаффофу демократӣ мебошад.

Дар иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллӣ ҳамзамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он», «Дар бораи мораторий  ба санҷишҳои  фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ  дар соҳаи истеҳсолӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ» баррасӣ ва ҷонибдорӣ гардиданд.

Дар иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллӣ ҳамзамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он», «Дар бораи мораторий  ба санҷишҳои  фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ  дар соҳаи истеҳсолӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ» баррасӣ ва ҷонибдорӣ гардиданд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он» кишт, истеҳсол,  воридот, содироти ғалла ва маҳсулоти ғалла, ваколатҳои  мақомоти маҳаллиро дар соҳаи  ғалла,  экспертиза ва сифати ғалла, назорати давлатӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ғалла ва маҳсулоти коркарди онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад. Бо қабули Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва  маҳсулоти коркарди он» Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла» аз эътибор соқит дониста мешавад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий  ба санҷишҳои  фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ  дар соҳаи истеҳсолӣ», бо мақсади дастгирии давлатии соҳибкории истеҳсолӣ, таъмини барномаҳои қабулшудаи давлатӣ дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, ташкили ҷойҳои кории нав, таҳкими иқтидори саноатию содиротии ҷумҳурӣ, бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ таҳия гардидааст.  Дар иҷлосия ҳамзамон  ба Кодексҳои андозу гумрук  тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. Инчунин тибқи тағйиру иловаҳо ба Кодексҳои андозу гумрук барои истеҳсоли либоси шакли ягонаи мактабӣ ва томактабӣ, воридоти автомашинаҳои нав, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ, таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат, инчунин вородоти технологияву таҷҳизот ва маводи истеҳсолот барои таъминоти соҳаи паррандапарварӣ, воридоти ҳавопаймоҳо, локомотивҳо ва вагонҳои замонавии мусофиркашонӣ имтиёзҳо дода мешаванд.

Дар иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллӣ ҳамзамон нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси  миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати  дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  аз 22 декабри соли 2017» тасдиқ  карда шуд. Ҳамзамон аъзои палатаи болоии Парлумони мамлакат  пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи  иваз намудани номи шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ба Бохтар, Сарбанд ба Леваканд ва ноҳияи Бохтар ба Кӯшониён, инчунин пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бозхонд ва интихоби судяҳои Суди конститутсионӣ, Олӣ ва Олии иқтисодиро  тасдиқ намуданд. Дар иҷлосия дар назди аъзои Маҷлиси миллӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон «Дар бораи  назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи  қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017» ҳисобот дод.

Февраль 17, 2018 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Чин дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси аш — Шурои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Агентии рушди сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо устодону донишҷӯён доир гардид
Ба омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон расонида шуд
Ба сокинони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва Ховалинг Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ба сокинони Рашт нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистонро шарҳ дод
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон доир шуд