Бӯстон: беш аз 40 намуди маҳсулоти коргоҳҳои шаҳр воридотивазкунанда мебошанд
ХУҶАНД, 02.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Яке аз масъалаҳои асосие, ки имрӯз дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон қарор дорад, ин таъсис додани шумораи бештари коргоҳҳои истеҳсолию ҷойҳои нави корӣ ва саъю кӯшиш дар самти тозагиву ободонии миқёси шаҳр ва шаҳраки Палос ба ҳисоб меравад. Ин матлаб дирӯз зимни нишасти матбуотӣ аз ҷониби раиси шаҳри Бустон Рухсора Давлатзода зикр гардид.
Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», раиси шаҳри Бӯстон ҳамчунин иброз намуд, ки мақомоти маҳаллӣ ҷаҳд доранд, ки барои бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани сокинони шаҳр дар назди корхонаҳои фаъол коргоҳҳои иловагии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда таъсис диҳанд.
Илова бар ин имрӯз аз 26 корхонаи шаҳр 17 адад нисбат ба соли 2016 суръати афзоишро зиёд намудаанд. Ҳоло беш аз 40 намуд маҳсулоти аз ҷониби коргоҳҳои саноатии шаҳр истеҳсолшаванда маҳсулоти воридотивазкунанда ба ҳисоб мераванд. Аз ҷумла, маҳсулоти истеҳсолкунандаи коргоҳҳои ҶДММ «Анҳор», (истеҳсоли орд), ҶДММ «Шарбати мева», ҶДММ «Элегант» (сангҳои ороишӣ, нахи базалтӣ), ҶДММ «Суғд-Пак» (халтаҳои полиэтиленӣ), ҶДММ «Ҷилои Ҷавҳар» (равғани растанӣ) ва ҶСП «Евро-азия 2005» (истеҳсоли обҳои ташнашикан) аз ҳамин гуна корхонаҳоянд.
Ҳамчунин соли 2017 аз ҷониби бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Бӯстон 14 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкил гардида, 292 нафар шаҳрвандон бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.
Ҳамзамон дар шаҳр 2 адад Маркази таълимию истеҳсолии адрасбофӣ бо фарогирии 20 адад дасттоҳи адрасбофӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо зиёда аз 100 нафар занону духтарон бо таълиму омӯзиш фаро гирифта шудаанд.








СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад






