Ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ вобаста ба хариди моли пастсифату нуқсондор шикояти сокинон ворид мегардад
ДУШАНБЕ, 15.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Соли сипаргардида ба Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хариди моли пастсифату нуқсондор, пардохти ҳаққи хизматрасониҳои хӯроки умумӣ, барқ, об, техникӣ, тиббӣ, иҷоравӣ, нақлиёти мусофиркашонӣ ва маишӣ 149 адад муроҷиат- 55 адад аризаи шикоятии хаттӣ ва 94 адад муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон ворид гардидаанд. Ин матлабро сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода имрӯз дар Душанбе зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иброз намуд.
Зимни нишаст зикр гардид, ки арзу муроҷиати истеъмолкунандагон дар доираи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар натиҷа аз ҷониби соҳибкорон ба маблағи умумии беш аз 40 ҳазор сомонӣ молҳои пастсифату нуқсондор ба истеъмолкунандагон ҳисоббаробар ва ё бозпас гардонида шуданд.
Зикр карда шуд, ки аз ҳисоби пешниҳоди мавод барои баррасии минбаъдаи арзу муроҷиати истеъмолкунандагон ба мақомоти ваколатдори соҳавӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ба маблағи умумии 5300 сомонӣ ҷаримабандӣ татбиқ карда шудааст.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






