БА ИФТИХОРИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ. «Қаториҳо» даҳшати ҷанг ва азобу уқубати занону модаронро дар солҳои пурдаҳшати ҷанги ҷаҳонӣ бозгӯӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 22.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз соати 16.00 дар Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бахшида ба 25-солагии Артиши миллӣ спектакли «Қаториҳо» дар таҳияи коргардон Нозим Меликов намоиш дода мешавад.
Тавре Нозим Меликов зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, асари мазкур дар бораи воқеаҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон қисса мекунад.
«Воқеа дар шаҳре ба вуқӯъ мепайвандад, ки зери фишори фашистон қарор дошт ва Артиши шӯравӣ онро озод намуд», — зикр намуд Нозим Меликов.
Ба иттилои коргардони асар, намоишномаи мазкур асосан азобу уқубатҳои занону модаронеро, ки дар замони ҷанг фарзандон ва ҳамсарони худро аз даст медиҳанд, нишон медиҳад.
Нақшҳои асосиро дар спектакл ҳунармандони Театри ҷавонон Суҳроб Ҷанҷолов, Диловар Неъматов, Абулмуъмин Шарифов, Гулсара Абдуллоева, Моҳпайкар Ёрова ва дигарон иҷро мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки спектакли мазкур инчунин 24 феврал, соати 12.00 ва 15.30 дар толори театри мазкур ба намоиш гузошта мешавад.











СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад






