Ба Тоҷикистон бештар аз Россия, Туркманистон ва Қирғизистон маҳсулоти нафтӣ ворид гардидаанд
ДУШАНБЕ, 16.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти оморию гумрукӣ, соли сипаригардида ба ҷумҳурӣ 1 млн 014,5 ҳазор тонна гандум бо нархи миёнаи 195,00 доллари ИМА барои 1 тонна асосан аз Ҷумҳурии Қазоқистон ворид карда шудааст, ки ин нисбат ба соли 2016 19,6 ҳазор тонна ё 1,9 фоиз зиёд мебошад.
Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода зимни нишасти матбуотӣ дар ин бора иттилоъ дода, гуфт, ки ба ҷумҳурӣ ба миқдори 113,2 ҳазор тонна шакар ворид гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 19,8 ҳазор тонна ё 21,1 фоиз зиёд мебошад. Аслан воридот дар бозори молӣ ба қадри 31 фоиз ба Федератсияи Россия ва 25,3 фоиз ба Ҷумҳурии Покистон рост меояд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар ин давра воридоти шакар дар минтақаҳои ҷумҳурӣ 72,8 фоиз ба вилояти Суғд, 25,3 фоиз ба вилояти Хатлон, 1,9 фоиз ба шаҳри Душанбе ва 0,013 фоиз ба шаҳри Турсунзода рост меояд. Дар бозорҳои ҷумҳурӣ тӯли ин давра нархи миёнаи фурӯши 1кг шакар аз 6,30 то 8,00 сомониро ташкил медод.
Инчунин соли 2017 ба мамлакат 426,1 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст, ки аз ҳаҷми умумии воридоти он ба корхонаҳои коркарди нафти Федератсияи Россия 79,86 фоиз, ба Ҷумҳурии Туркманистон 6,22 фоиз, Ҷумҳурии Қирғизистон 8,56 фоиз ва боқимонда 5,36 фоиз ба дигар давлатҳо рост меояд.
Ба гуфтаи Саъдӣ Қодирзода, ба феҳристи субъекти хоҷагидоре, ки дар бозори мол мавқеи ҳукмфармоиро доро мебошад, дар миқёси ҷумҳурӣ аз рўи воридоти бензин ва сўзишвории дизелӣ се субъекти хоҷагидор- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Газпромнефт-Тоҷикистон», ҶДММ «Сеганҷ» ва Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил карда шудаанд, ки фаъолияти онҳо таҳти танзими зиддиинҳисорӣ қарор дорад.
Тибқи динамикаи нархи маҳсулоти сўзишворӣ нархи фурўши миёнаи 1 литр бензини Аи — 92 дар нуқтаҳои фурўши сўзишворӣ вобаста ба минтақаҳои ҷумҳурӣ аз 6, 60 то 7,10 сомониро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






