«Барқи тоҷик»: соли 2018 баландшавии нархи неруи барқ дар назар дошта нашудааст
ДУШАНБЕ, 15.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2018 баланд шудани нархи неруи барқ дар назар дошта нашудааст, зеро оид ба баландшавии нархи он на аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва на аз ҷониби мо пешниҳоде нашудааст. Ин нуктаро дирӯз раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Мирзо Исмоилзода зимни нишасти матбуотӣ ба доираи васеи рӯзноманигорон баён дошт.
Зикр шуд, ки бо мақсади таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ бо неруи барқ соли 2017 Ширкати «Барқи тоҷик» дар ҳаҷми 2 млрд 555,6 млн кВт.соат энергияи барқ харидорӣ намудааст. Яъне дар муқоиса бо соли 2016 хариди энергияи барқ 78,7 млн кВт.соат кам гардидааст.
Ба гуфтаи Мирзо Исмоилзода, дар ин давра аз НБО-и «Сангтӯда-1» 1849 млн кВт.соат, аз НБО-и «Сангтӯда-2» 693 млн кВт.соат ва аз Ҷумҳурии Қирғизистон 12,7 млн. кВт соат барқ харида шудааст.
Зикр гардид, ки ҳаҷми содироти энергияи барқ ба хориҷи ҷумҳурӣ соли 2017 нисбат ба соли 2016 дар ҳаҷми 20,6 млн.кВт.соат кам гардида, дар маҷмӯъ ба 1 млрд. 312,3 млн.кВт.соат баробар шуд. Энергияи барқ асосан ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳаҷми 1 млрд.304,8 млн.кВт.соат ба маблағи 52,3 млн. доллари ИМА содирот карда шуд, ки нисбат ба соли 2016 дар ҳаҷми 14 млн кВт.соат кам, аммо аз ҷиҳати маблағ 1,8 млн доллари ИМА зиёд мебошад.








Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд






