БЕМОРИИ СИЛ ТАБОБАТШАВАНДА АСТ! Бо мақсади инъикоси беҳтари роҳҳои пешгирӣ ва наҷот аз бемории сил миёни рӯзноманигорони ВАО озмун эълон гардид

Февраль 24, 2018 12:03

ДУШАНБЕ, 24.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи USAID дар Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди бемории сил бо мақсади беҳтар инъикос намудани роҳҳои пешгирӣ ва наҷот аз бемории сил таҳти унвони «Бемории сил табобатшаванда аст!» байни рӯзноманигорони ВАО озмун эълон мекунанд.

Ҳадафи асосии озмун баланд бардоштани сатҳи донишу маълумоти аҳолӣ оид ба мавзӯъҳои калидии бемории сил ва мубориза бар зидди он, ташаккул додани таҳаммулпазирӣ, муносибати неку хайрхоҳона нисбат ба беморони сил ва тақвияти муколама дар ҷомеа оид ба масъалаҳои вобаста ба бемории сил мебошад.

Озмуни мазкур дар чаҳорчӯбаи  «Нақшаи миллии стратегии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» ва «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» гузаронида мешавад.

Ба озмун барномаҳои телевизионию радиоӣ, маводи дар рӯзномаю маҷаллаҳо ва интернет нашршуда, ки ба масъалаҳои бемории сил дар Тоҷикистон бахшида шудаанд, бояд пешниҳод шаванд. Нусхаи асл ё рӯнавишти мавод бо нишон додани таърихи нашр, рўзу вақти пахш дар эфир, номи ВАО ва ному насаби муаллиф қабул карда мешавад.

Инчунин ба озмун маводе, ки аз 1 октябри соли 2017 то 31 марти соли 2018 нашр ва ё пахш шудаанд, қабул мешаванд. Ба маводи дар қолаби жанрҳои таҳлилӣ таҳиягардида афзалият дода мешавад.

Маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибон моҳи апрели соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

 

 

 

Февраль 24, 2018 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид