Бонувони Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар тарғиби Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ саҳм мегузоранд
ДУШАНБЕ, 05.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди парки технологии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам- Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Маркази ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда мешавад. Дар ин бора ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон Тоҷиддин Асомуддинзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Бино ба маълумоти Тоҷиддин Асомуддинзода, дар марказ курсҳои семоҳаи омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ба роҳ монда мешаванд. Ба ҷуз аз донишҷӯдухтарони Донишкада хоҳишмандон ҳам метавонанд дар курсҳои омӯзишӣ таҳсил намоянд. Марказ имконият дорад дар се гурӯҳ 25 нафар бонувонро фаро гирад ва баъди хатми курсҳо бонувон соҳиби шаҳодатномаи тахассусӣ мегарданд.
Тавре масъули маркази омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ Раҳима Ғуломова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, дар айни замон корҳо дар самти ташкили курсҳои омӯзиши ҳунарҳои сӯзанидӯзӣ, бофандагӣ, ҷомадӯзӣ, кӯрпачадӯзӣ, зардӯзӣ, таомҳои миллӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ идома дошта, курсҳо рӯзҳои наздик ба фаъолият оғоз мекунанд.
Мақсади ташкили курсҳоро Раҳима Ғуломова пос доштани фарҳанг ва эҳёи анъанаҳои азбайнрафта арзёбӣ намуда, зикр кард, ки имрӯзҳо бисёре аз ҳунарҳои мардумӣ ба гӯшаи нестӣ рафта истодаанд. «Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо ташкили ин гуна курсҳо мо имконият пайдо мекунем, ки ҳунари аҷдодонамонро дубора зинда намоем»,-гуфт номбурда.
Ба маълумоти масъулини Донишкада, имрӯз дар ин ниҳод зиёда аз 300 нафар донишҷӯдухтарон таҳсил мекунанд. Аз миёни ин шумора нафарони зиёде хоҳишманди аз худ кардани ҳунарҳои мардумӣ мебошанд.








Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд






