Боздиди Сафири Япония аз мақомоти гумруки Тоҷикистон

Февраль 17, 2018 11:19

ДУШАНБЕ, 17.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Япония дар бахши гумрук дар мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода  бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаҷиме Китаока  дар Душанбе баррасӣ гардид. Аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мусоҳибон ҳамзамон масъалаи марбут ба интихоботи Котиби генералии Созмони ҷаҳонии гумрук, ки охири июни соли равон  дар Брюссел доир мегардад ва дар он номзадии намояндаи Япония низ матраҳ хоҳад шуд, баррасӣ намуданд.

Зикр гардид, ки аз ҷониби Агентии ҳамкории байналмилалии Япония – JICA дар соҳаи бозомӯзии кормандони мақомоти гумрук ва ҳамчунин, дар доираи лоиҳаи марбут ба идоракунии самарабахши сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон, корҳои назаррасе ба анҷом расонида шудааст.

Хуршед Каримзода зикр кард, ки мақомоти гумруки Тоҷикистон  ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои гумрукӣ аз тамоми захираву имконоти мавҷуда истифода бурда, заминаи густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодиро байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония фароҳам меоваранд.

Дипломати японӣ зикр кард, ки барои самаранок ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар доираи салоҳияти кориаш сайъ хоҳад кард.

Февраль 17, 2018 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!