Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон: «Мактабҳое, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, дар навбати аввал мавриди бозсозӣ қарор мегиранд»
ДУШАНБЕ, 15.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ) дар 17 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барномаҳои худро амалӣ менамояд. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори иҷроияи БМИМТ Шералӣ Сиддиқзода иброз дошт.
Ҳамчунин зикр шуд, ки мақсади барномаҳо беҳтар намудани шароити таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошад, ки ба он 14 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва 3 ноҳияи минтақаи Рашт дохил мешаванд.
«Барои татбиқи ин барномаҳо дар шаҳру ноҳияҳои мазкур он мактабҳое интихоб шудаанд, ки дар вагонхонаҳо ҷойгиранд. Муассисаҳое, ки дар хонаҳои шахсӣ ва биноҳои маъмурӣ фаъолият мекарданд ва мактабҳое, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, дар навбати аввал мавриди бозсозӣ қарор мегиранд»,- илова намуд Ш. Сиддиқзода.
Зикр гардид, ки то имрӯз аз 16 лоиҳае, ки дар вилояти Хатлон мавриди амал қарор доранд, 14 лоиҳа ба истифода дода шуда, дар минтақаи Рашт 12 лоиҳаи нақшавӣ пурра татбиқ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки БМИМТ барномаи «Сохтмони мактабҳо ва инфрасохтори мувофиқ дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт»-ро аз 1 апрели соли 2013 то 31 декабри соли 2017 татбиқ намуд ва амалигардии барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ», ки 1 июни соли 2014 оғоз гардид, то 30 июни соли 2018 идома меёбад.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






