Чаро 81 нафар донишҷӯёни филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе аз донишгоҳ хориҷ карда шуданд?
ДУШАНБЕ, 09.2.2018 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон 81 нафар донишҷӯёни филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе аз филиали ДДМ хориҷ карда шуданд.
Директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Сайъало Мирзоев имрӯз зимни нишасти матбуотӣ вобаста ба ин масъала иброз дошт, ки бештари хориҷшудагонро донишҷӯёни курси якум ташкил медиҳанд.
Ба гуфтаи номбурда, «сабаби хориҷ гардидани ин донишҷӯён ба барномаи таълимӣ ҷавобгӯ набудани дониши онҳо буд. Зеро омӯзгорони баландихтисосу сахтгир аз Федератсияи Россия ба Тоҷикистон омада, ба донишҷӯёни филиали ДДМ дарс мегӯянд. Дар ҳолати ба дарс омода набудани донишҷӯ омӯзгорон ба онҳо баҳои ғайриқаноатбахш мегузоранд, ки ин сабаби аз филиали донишгох хориҷ шудани донишҷӯ мегардад».
Дар асоси имтиҳоноти иловагӣ, ки аз ҷониби ҳайати профессорону омӯзгорони ДДМ ба номи М.В. Ломоносов ва озмуни марказонидашудаи дохилшавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2017-2018 гузаронида шуд, ба филиали ДДМ 129 нафар донишҷӯён қабул гардиданд. Аз онҳо 94 нафар дар асоси буҷавӣ ва 53 нафар тариқи шартномавӣ таҳсил менамоянд. Айни замон шумораи донишҷӯёни филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе 497 нафарро ташкил медиҳад, ки 70 фоиз тариқи буҷавӣ ва 30 фоиз ба таври шартномавӣ таҳсил доранд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






