Cумангул Тағойзода бо Прадип Сривастав мулоқот намуд

Февраль 3, 2018 10:13

ДУШАНБЕ, 03.02.2018. /АМИТ Ховар/. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Cумангул  Тағойзода  бо роҳбари Намояндагии доимии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон   Прадип   Сривастав    мулоқот       намуд.

Тавре  аз  Маркази матбуоти ин вазорат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот тарафҳо  масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба дар самти таҳсилоти ибтидоии касбӣ, шуғли аҳолӣ ва  таълими  калонсолонро   баррасӣ  намуданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки дар Вазорати  меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон  лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбии техникӣ ва омӯзиш» бо маблағгузории Бонки Осиёии Рушд  амалӣ   мегардад,  ки   дар доираи он синфхонаҳо, кабинетҳои махсусгардонидашудаи таълимӣ, устохонаҳо ва биноҳои хобгоҳи хонандагони 21 муассисаи таҳсилоти  ибтидоии касбӣ, 5 филиали Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва 2 филиали Маркази касбомўзӣ ва соҳибкорӣ таъмиру тармим шуда, бо таҷҳизоти замонавӣ, ашёву аёниятҳои таълимӣ муҷаҳҳаз  мешаванд.

Инчунин, барои 17 ихтисосҳои интихобгардида стандартҳои салоҳияти касбӣ  таҳия  мегардад, ки дар асоси он барномаҳои таълимӣ ва  асбобҳои нави баҳодиҳӣ омода  мешаванд.

Дар ҷараёни мулоқот Прадип Сривастав аз рафти амалишавии лоиҳаи мазкур  қаноатмандӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати дастгирӣ намудани соҳаи низоми  таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

Февраль 3, 2018 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд