Дар ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ лоиҳаи низоми пардохти электронии роҳкиро баррасӣ гардид

Февраль 12, 2018 16:25

        ДУШАНБЕ, 12.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе таҳти раёсати муовини аввали  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  – Раиси Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ Давлаталӣ Саид ҷаласаи нуҳуми Шӯро оид ба шарики давлат ва бахши хусусӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудирони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои  шарикии давлат ва бахши хусусӣ  иштирок доштанд.

Дар ҷаласа лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати  он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» муҳокима гардид. Зикр шуд, ки бартариятҳои низоми нав баръало муайян буда, татбиқи саривақтии он имконият фароҳам меорад, ки ба аҳолии пойтахти мамлакат ва меҳмонони он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе хизматрасонии муосир пешниҳод гардад.

Мавриди зикр аст, ки механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ яке аз роҳҳои муосири ҷалби сармоя ба ҳисоб рафта, давлат метавонад барои иҷрои уҳдадориҳои худ дар амалишавии лоиҳаҳои самти хизматрасонии иҷтимоӣ ва инфрасохтор тибқи Созишнома дар доираи талаботи Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахшихусусӣ» шарикони хусусиро ҷалб намояд.

Айни замон ба воситаи ин механизм тибқи қарорҳои Шӯро се лоиҳа- яке лоиҳаи «Таҷдид ва идоранамоии кӯдакистони №133-и пойтахт дар самти хизматрасонии иҷтимоӣ, дигаре- лоиҳаи «Сохтмони хати интиқоли барқ ба Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»  дар самти энергетика ва инчунин лоиҳаи «Таъсиси Маркази мубориза бар зидди гепатитҳои вирусӣ» дар соҳаи тандурустӣ амалӣ шуда истодаанд.

 

Февраль 12, 2018 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд