Дар Боку бахшида ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ дар соли 2018 ҳамоиш баргузор гардид

Февраль 14, 2018 11:44

ДУШАНБЕ, 14.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ва дастгирии Кумита оид ба умури байналмилалӣ ва алоқаҳои байнипарлумонии Миллӣ Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон ва гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Озарбойҷону Тоҷикистон 12 феврал дар Маркази сиёсии психологӣ ҳамоиши махсус бахшида ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2018 баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар ҳошияи нишаст дар Маркази мазкур гӯшаи Тоҷикистон ифтитоҳ гардид, ки дар он китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, асарҳои илмӣ-таърихӣ бахшида ба фаъолияти пурсамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин китобҳо дар бораи дастовардҳои ҷумҳурӣ дар солҳои истиқлолият, таърих ва фарҳанги Тоҷикистон гузошта шуданд.

 

Февраль 14, 2018 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд