Дар Бонки миллӣ масъалаи баланд бардоштани донишҳои молиявии ҷавонон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 22.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳадаф аз роҳандозии Барномаи VOLIP — паст намудани сатҳи камбизоатӣ тавассути баланд бардоштани маърифати молиявии ҷавонон, ҷалб намудани занҳои беихтисос ба касбу ҳунарҳо, дастгирии молиявӣ ва таъмин намудани онҳо бо ҷои кор ва даромад мебошад. Ин нуктаро муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ дар семинари машваратие, ки дар Бонки мазкур баргузор гардид, зикр намуд.
Тавре аз Бонки миллӣ хабар доданд, дар машварат ҳамоҳангсози Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон (VOLIP) Исроил Исмоилов, намояндагони ташкилотҳои қарзӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ҷараёни корҳоро ҷиҳати маблағгузории хурд мувофиқи принсипҳои маблағгузории хурди исломӣ муҳокима намуданд.
Дар ҷамъомад мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон оид ба раванди амалишавии маблағгузории хурди исломӣ тибқи Созишнома оид ба маблағгузорӣ дар доираи «Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон» маълумот доданд.
Зикр шуд, ки барои тезонидани раванди қарздиҳӣ бо назардошти Соли рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ҷиҳати зиёд намудани гурӯҳҳои иловагии мақсадноки қарзгир дар доираи Барномаи VOLIP, баланд бардоштани масъулияти ташкилотҳои қарзӣ, ҳавасманд намудан ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо қарзгирон тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Қобили зикр аст, ки маблағҳои лоиҳаи мазкур тавассути ташкилотҳои қарзии ватанӣ (БДА «Амонатбонк», ҶСК «Бонки Эсхата», ҶСП «Спитамен Бонк», ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон», ҶСК «Коммерсбонки Тоҷикистон», ҶСП ТАҚХ «Имон Интернешнл», ҶСП ТАҚХ «Ҳумо», ҶДММ ТАҚХ «Арванд») амалӣ карда мешаванд.
Айни ҳол лоиҳаи Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон (VOLIP) дар 11 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Норак, Сарбанд ва ноҳияҳои Шаҳринав, Файзобод, Нуробод, Хуросон, Муъминобод, Ҳамадонӣ ва Зафаробод амалӣ мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 маротиба зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ






