Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои кушода доир мегардад
ДУШАНБЕ, 22.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. 27 феврали соли равон дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои кушода доир мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маъмурияти Донишкада хабар доданд, вохӯрӣ соати 8-и субҳ оғоз гардида, то соати 16:00 идома меёбад.
Ба иттилои манбаъ, дар чаҳорчӯби мулоқот суҳбати роҳбарони Донишкада бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт ва манотиқи мамлакат баргузор мешавад.
«Иштирокчиёни вохӯрӣ роҷеъ ба самтҳои фаъолияти Донишкада, факултетҳои амалкунанда, фанҳои таълимӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳашон маълумоти муфасссал дастрас карда метавонанд», — гуфт манбаъ.
Зикр гардид, ки дар ин рӯз хатмкунандагони мактабҳо ҳамчунин метавонанд бевосита аз факултетҳои он боздид намуда, бо ҳайати омӯзгорону донишҷӯён мулоқот барпо кунанд.
Бояд зикр намуд, ки Донишкадаи идоракунии давлатӣ муассисаи олии таълимию илмии давлатӣ мебошад, ки фаъолияти он ба тайёр кардани кадрҳои соҳаи идоракунии давлатӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ равона гардидааст.
Донишкада сифати олии таҳсилро кафолат дода, дорои ҳайати устодон ва мутахассисони варзидаи соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ мебошад. Ҳамчунин дар раванди таълим роҳбарони вазорату мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ходимони давлативу коршиносони ватанӣ, олимони варзидаи ватаниву хориҷӣ ҷалб карда мешаванд.
Сохтори Донишкада дорои Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, 3 факултет, аз ҷумла, факултети идоракунии давлатӣ, факултети муносибатҳои байналмилалӣ ва факултети азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, инчунин магистратура ва 8 кафедра мебошад.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






