Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид

Февраль 16, 2018 09:47

ДУШАНБЕ, 16.02.2018 /АМИТ  «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Озарбойҷон дар мулоқоти  раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух  Ҳамрализода бо Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мамедзода Ҳасан Дилсуз Оғлу дар Душанбе баррасӣ гардиданд.

Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки  тарафҳо  ҷиҳати тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд дар самти ҷалби сармоягузорӣ, бунёди корхонаҳои муштарак, баргузор намудани ҳамоиши доираҳои соҳибкорӣ ва дигар масъалаҳои марбут  ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду  давлат ибрози назар намуданд.

Ҳамзамон дар мулоқот атрофи фаъолияти Маркази  «Осон хизмат»-и Агентии давлатӣ оид ба хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва инноватсияи иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ибрози назар карда шуд.

Ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати омӯхтани таҷрибаи ин марказ ҳавасмандӣ зоҳир намуд.

 

 

Февраль 16, 2018 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд