Дар Хатлон ҷашни 25-солагии Артиши миллӣ дар вазъияти тантанавӣ таҷлил гардид
БОХТАР, 22.02.2018 /АМИТ «Ховар» /. Бахшида ба 25-умин солгарди таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар маркази маъмурии вилояти Хатлон ҷамъомади идона баргузор гардид.. Дар ҷамъомад хизматчиёни ҳарбии қисмҳои низомии мустақар дар вилояти Хатлон ва ҳайати шахсии комиссариатҳои ҳарбии вилоятӣ ва шаҳру навоҳӣ иштирок намуданд. Раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода иброз дошт, ки «бо таъмин гардидани сулҳу субот дар мамлакат ва дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷузъу томҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ дар зарфи бисту панҷ сол ба сохтори муташаккили ҳарбӣ табдил ёфта, аз ҷумла, ҳайати шахсии Артиши миллӣ имрӯз бо интизоми баланди ҳарбӣ, азму иродаи қавӣ, донишу малакаи муосир ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ хизмати Модар – Ватанро адо карда истодааст.
Дар ҷамъомад як гурӯҳ хизматчиёни ҳарбӣ, сардорони комиссариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳии вилоят барои хизмати намунавии ҳарбӣ бо мукофотҳо ва ифтихорномаҳи раиси вилояти Хатлон, Вазорати мудофиаи мамлакат ва Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид






