Дар Хатлон озмуни номи «Соҳибкорзани муваффақи соли 2018» эълон гардид

Февраль 26, 2018 16:06

БОХТАР, 26.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон  озмуни «Соҳибкорзани муваффақи соли 2018» эълон   гардидааст.  Тавре  сармутахассиси  шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  вилояти  Хатлон  Баҳром  Миров  ба  хабарнигори  минтақавии  АМИТ  «Ховар» иттилоъ  дод, озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани мавқеи занону духтарон дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеа, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби занону духтарони хонанишин ба шуғлҳои муфиди ҷамъиятӣ, ба соҳибкорӣ ҷалб намудани занону духтарон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии занон ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ  дар  байни бонувон  гузаронида  мешавад.

Даври аввали озмун аз  11 сентябр то 11 октябри соли 2018 дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳо, даври дуюм аз 12 октябр то 12 ноябри соли 2018  барои муайян кардани беҳтарин соҳибкорзан дар шаҳру ноҳияҳо ва  даври сеюми ҷамъбастии озмуни «Соҳибкорзани муваффақи соли 2018» моҳи декабри соли 2018 дар маркази вилоят-шаҳри Бохтар барпо мегарданд.

“14  феврали соли 2018  дар асоси ҷамъбасти   озмун  шаш нафар соҳибкорзанони муваффақи  соли 2017  муайян  карда  шуда,  бо  ифтихорнома  ва  мукофотҳои раиси  вилояти  Хатлон  қадрдонӣ  карда  шуданд”,-зикр кард  Баҳром  Миров.

Февраль 26, 2018 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд