Дар Хоруғ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ мусобиқаҳои варзишӣ оғоз гардиданд
ХОРУҒ, 07.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдончаи варзишии қисми низомии 011-23, мутааллиқ ба Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқа аз намудҳои волейбол, футбол, дастхобонӣ, вазнбардорӣ ва варзиши сабук шурӯъ шуд. Муовини комиссари ҳарбии вилоят Шоҳзода Шоҳқосим гуфт, ки ҳамасола мутобиқи нақша, аз аввали моҳи феврал дар ҳамаи қисмҳои низомӣ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мегарданд. Ин мусобиқаи кушод аст ва дар он кормандони раёсатҳои вазорати корҳои дохилӣ, гумрук, Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти ҷумҳурӣ, Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Хадамоти оташнишонӣ ширкат мекунанд.
Мақсад аз баргузории мусобиқаҳо машқи бадан, баланд бардоштани малакаву маҳорати варзишӣ ва дӯстию ҳамкорӣ миёни кормандони сохторҳои низомию қудратӣ мебошад.
Соли гузашта дастаи шуъбаи Хадамоти оташнишонии шаҳри Хоруғ дар сабқат хеле фаъолона ширкат намуда, дар аксари намудҳо пирӯз гардид. Сардори шуъбаи мазкур Кишвар Аҳмадбеков изҳор дошт, ки “барои ҳар як корманди Хадамоти оташнишонӣ тарбияи ҳаррӯзаи бадан хеле муҳим аст. Онҳо ба ҳар як ҳодисаи сӯхтор- хоҳ шаб бошад, хоҳ рӯз, бояд омода бошанд. Барои обу тоби бадан дар шуъбаи Хадамоти оташнишонӣ ҳамаи шароит муҳайёст. Як гурӯҳи дигар дар толорҳои варзишии шаҳр тамрин мекунанд. Аз ин рӯ дар бисёр мусобиқаҳои шаҳрию вилоятӣ кормандони мо ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд”.
Комиссари ҳарбии вилоят Шоҳзода Шоҳқосимов гуфт, ки ин сабқат дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Артиши миллӣ ҷамъбаст ва ғолибон бо мукофоту туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз мегарданд.








Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд






