«Дар кӯчаҳои қисмат» занону бонувонро ҳушдор медиҳад, то ба доми фиреби нохалафон наафтанд
ДУШАНБЕ, 21.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар Театри мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб нахустнамоиши спектакли «Дар кӯчаҳои қисмат» аз рӯи пйесаи драманависи шинохтаи тоҷик Ато Ҳамдам баргузор гардид.
Асари мазкур аз лиҳози мӯҳтаво ва банду баст драмаи психологӣ буда, ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шудааст. Таҳиягари намоишнома Раҳмоналӣ Одинаев мебошад. Сужаи асар хеле ҷолиб аст. Духтари ҷавон Наргис бо сабаби содагию зудбовариаш ба доми андохтаи қаллобон афтида, ба Дубай бурда мешавад.
Дар он ҷо вай бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мегардад, аммо номус ва шаъну шарафи худро ҳифз мекунад. Дӯсти ӯ Шуҳрат, ки ҷавони хеле ҷасуру бонанг аст, аз ин қазия огоҳӣ ёфта, монеаҳои зиёдеро паси сар мекунад. Дар охир ӯ Наргисро пайдо намуда, ба бозгашти духтари фиребхӯрда кумак мерасонад.
Нақшҳои асосиро ҳунарпешагони театр Саида Султонова, Фаррух Содиқзода, Амиршо Баротов ва дигарон бозидаанд.








Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд






