ДАР МАСИРИ ДӮСТӢ. Тоҷикистон ва Туркманистон муносибатҳои дӯстонаро бар асоси эҳтироми ҳамдигар ва манфиатҳои шарикии баробар ба роҳ мондаанд
ДУШАНБЕ, 09.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Пойдевори муносиботи дуҷониба ва ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Туркманистон бо назардошти манфиатҳои ҳарду давлат асос ёфтаанд. Робитаҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисоду тиҷорат, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ муваффақона густариш ёфта, соли 2017 он ба сатҳи шарикии стратегӣ расид. Ин матлаб имрӯз зимни ҳамоиш, ки дар иртибот ба 25-солагии барқарории равобити дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон дар Душанбе доир гардид, зикр шуд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки созмондиҳандагони ҳамоиш Маркази тадқиқоти стратегии /МТС/ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Туркманистон дар Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар он намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, коршиносони масоили сиёсӣ ширкат доштанд.
Дар ҳамоиш муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода, Сафири Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чорӣ Атаев, директори МТС назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар, раиси ҷамъияти туркманҳои Тоҷикистон Давлат Куллаков ва дигарон доир ба ҳамкории мутақобилан судманди ду давлат дар зарфи 25 соли барқарории робитаҳои дипломатӣ сухан карданд.
Зикр гардид, ки пойдевори сиёсии муносиботи Тоҷикистон ва Туркманистон 27 январи соли 1993 бо имзои Протокол «Оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон» гузошта шуда, дар зарфи 25 соли барқарории равобити дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон ду мамлакат муносибатҳои дӯстонаро бар асоси эҳтироми ҳамдигар ва манфиатҳои шарикии баробар ба роҳ мондаанд.
Таъкид гардид, ки заминаи қарордодиву ҳуқуқии муносиботи Тоҷикистону Туркманистонро беш аз 70 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун, назири сиёсат, иқтисоду тиҷорат, илму фарҳанг, кишоварзӣ, сохтмон, саноат, нақлиёт ва коммуникатсия ба танзим медароранд. Сафари расмии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, ки моҳи ноябри соли 2017 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, дар тавсеаи равобити дуҷонибаи ҳар ду давлат саҳифаи нави ҳамкории судманд боз намуд. Зимни ин сафар 13 санади нави байнидавлатӣ ба имзо расонида шуд, ки он ба дурнамои тақвияти ҳамкории ду давлат заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар ҳамоиш ҳамзамон доир ба тақвияти ҳамкории минтақавии ду давлат, татбиқи лоиҳаҳои иқтисодии минтақавӣ, нақши ду мамлакат дар таъмини амнияти минтақа, хусусан Афғонистон ва дурнамои неки равобити ҳасанаи ҷонибҳо табодули назар карда шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид






