Дар Москва 25-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 22.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бахшида ба 25-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Москва хабар доданд.
Дар ҷамъомад вакилони Думаи давлатӣ, намояндагони вазоратҳо ва идораҳои Федератсияи Россия, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ, атташеҳои ҳарбии давлатҳои хориҷӣ ва дигар намояндаҳои корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии муқими Москва, инчунин ВАО-и Тоҷикистон ва Россия ширкат варзиданд.
Дар сухани ифтитоҳии худ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов зикр намуд, ки ҳар сол 23 феврал- санаи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон чун рӯзи ҳомиёни содиқи Ватан бо самимият ва шукӯҳи хосса таҷлил мегардад.
Зимни суханронӣ Сафир нақши тақдирсоз ва таърихан муҳими Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таъсис ва таҳкими минбаъдаи Артиши миллӣ махсусан таъкид намуд. Ҳамзамон ишора шуд, ки «бо шарофати хирадмандӣ ва дурандешии Пешвои миллат, имрӯз ҳамаи шароит барои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат фароҳам оварда шудааст, то хизматчиёни ҳарбӣ тавонанд бо интизоми қавии худ, донишу малакаи сатҳи баланд, истифодаи моҳиронаи техникаву технологияҳои муосири ҳарбӣ, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баҳри ҳимояи далеронаи Ватан ва саъю кӯшишҳо ҷиҳати таъмини ҳаёти осоишта ва созандаи мардуми тоҷик хидмат намоянд».
Ҳамчунин таъкид гардид, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ бо низоми қавии худ мояи ифтихори халқ ва ҳомии боэътимоди Ватан мебошанд.
Зимни ҷамъомад дар бинои Сафорат намоишгоҳи аксҳо ташкил ва манзури меҳмонон гардонида шуд, ки он ҳозиринро бо таърих ва дастовардҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият шинос намуд.













СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад






