Дар Парлумони Тоҷикистон масъалаи коркард ва истихроҷи саноати маъданҳои кӯҳӣ баррасӣ шуд

Февраль 22, 2018 11:51

ДУШАНБЕ, 22.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар ҳамгироии  иқтисодиёти ҷаҳонӣ қарор дошта, дар иртибот  ба ин дар ҷумҳурӣ ислоҳот дар соҳаҳои истихроҷ татбиқ гардида истодааст. Ин нукта  дар суҳбати «мизи мудаввар», ки имрӯз дар палатаи поёнии Парлумони мамлакат дар мавзӯи «Коркард ва истихроҷи саноатии маъданҳои кӯҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир шуд, баён гардид.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев зикр намуд, ки корхонаҳои саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо ҷиҳати дар сатҳи баланди нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ҷамъбаст намудани натиҷаҳои истеҳсолӣ, афзун намудани рушди иқтидори содиротӣ ва таҳкими гуногунсамтии он, истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда дар соли 2017 ба натиҷаҳои  назаррас ноил гардиданд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати  гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ, бештар ворид шудан ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ, ки натиҷаи он беҳтар гардидани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ аст, саъйи бештар менамояд. Дар ин самт ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муваффақият амалӣ мешавад. Амалӣ гардонидани ташаббуси шаффофият ба такмили шаклҳои идоракунӣ дар соҳаҳои истихроҷ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ барои самаранок истифода бурдани захираҳои табиӣ ва ба даст овардани боварӣ мусоидат менамояд.

Роҷеъ ба масъалаи баррасишуда намояндаи ташкилоти «Ташаббуси шаффофият дар соҳаи истихроҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар кормандони масъули идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ  сухан карданд.

Таъкид шуд, ки дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии корхонаҳои саноати маъданҳои кӯҳӣ 27,5% маҳсулоти умумии корхонаҳои саноатии ҷумҳуриро ташкил намуд.

 

Февраль 22, 2018 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд