Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз ба шаҳри Хуҷанд беш аз 70 ҳазор лолаҳои гуногунранг зеби тоза мебахшанд

Февраль 7, 2018 13:59

ХУҶАНД, 07.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Масъулини сохторҳои марбутаи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд чанд рӯз боз дар кӯчаву хиёбонҳои маркази вилоят ба шинонидани беш аз 70 ҳазор тухми гули лола оғоз намудаанд.  Интизор меравад, ки тухмии лолаҳо пас аз шукуфтан дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи имсола ба ҳусн ва симо шаҳр таровату зебои тоза мебахшанд. Ҳамчунин дар доираи мавсими имсолаи ниҳолшинонӣ моҳи январи соли равон дар маркази шаҳр 150 бех дарахтони ороишию сояафкан, аз қабили ардач, санавбар ва ғайра шинонида шуданд.

Ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», ҳоло дар гармхонаи  Муассисаи кабудизоркунӣ ва гулпарварии КВДК «Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ»-и шаҳр қариб 200 ҳазор тухмии гулҳои ороишӣ шинонида шуда, ба шукуфтан сар кардаанд. Дар гармхонаи мазкур беш аз 10 номгӯй гулҳои ороишӣ, аз қабили петуния, катарантус, салвия, марҷонгул парвариш карда шуда, ин гулҳои мавсимӣ тибқи маълумоти мутахассисон, баъд аз  шинонидан вобаста ба ҳавои мусоид давоми ду моҳ бояд шукуфанд.

Тибқи иттилои манбаъ, имсол дар маркази вилоят марҳила ба марҳила шинонидани беш аз 1 миллион дона гулҳои ороишии мавсимӣ дар назар аст.

Февраль 7, 2018 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд