Дар шаҳри Душанбе бахшида ба 25- солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ барномаи сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 22.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба 25-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар маъракаи идона афсарону сарбозони қисмҳои низомии 07006 ва 07003 –и ҳудуди шаҳри Душанбе ва намояндагони зиёди ВАО иштирок намуданд.
Иштирокдорони барнома аввал дар қисми низомии 07006 бо дастовардҳои ин даргоҳ дар давоми 25 соли фаъолият шинос гардида, дар саҳни бинои он намоиши ҳунарҳои мардумиро, ки аз ҷониби ҳунармандони шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳияи Сино пешкаш гардида буд, тамошо карданд. Шеъру сурудхонӣ ва ҳунари рассомии худро пешниҳоди иштирокдорон намудани таълимгирандагони Мактаб- интернати №1 ба маҳфил шукӯҳи тоза бахшид.
Барномаи идонаро баргузории мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои бандкашӣ, дастхобонӣ, вазнбардорӣ, турниккашӣ ва иҷрои меъёр аз тайёрии оташфишонӣ (ба қисмҳои асосӣ ҷудо ва васл намудани яроқ) идома дода, дар анҷоми он ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Сипас иштирокчиён ва меҳмонони барномаи идона аз иншооти буду бош, маишӣ ва китобхонаи қисми низомии 07003 дидан намуданд.
Сипас як гурӯҳ афсарону сарбозони қисми низомӣ барои саҳми арзанда дар корҳои ҳарбию ватандӯстӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва 25- солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.









Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






