Дар шаҳри Ҳисор рӯзҳои наздик Комбинати коркарди шир ба кор шурӯъ менамояд
ҲИСОР, 13.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои наздик дар шаҳри Ҳисор Комбинати коркарди шир ба кор шурӯъ менамояд. Ин имкон медиҳад, ки сокинони пойтахти мамлакат бо шири хушсифат таъмин гарданд. Ин муждаро раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба доираи васеи хабарнигорон расонид.
Зикр шуд, ки соли сипаригардида аз «Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» беш аз 26 ҳазор нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ боздид намуданд. Дар ин давра меҳмонон аз намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷию ташкилотҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, инчунин сокинони мамлакат ва хонандагону донишҷӯён аз Қалъаи бостонии Ҳисор боздид намуда, бо таърихи он шинос шуданд.
Ба иттилои Ш. Ҷумазода, соли сипаришуда заҳматкашони шаҳри Ҳисор ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд. Соли гузашта онҳо ду ҳазору панҷсаду шасту панҷ тонна пахта ҷамъ оварда, нақшаро 108 фоиз иҷро карданд. Тибқи нақша, масоҳати кишти пахта дар шаҳр тадриҷан зиёд мешавад.
«Сокинони шаҳри Ҳисор вазифадоранд, ки ҳар ваҷаб заминро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунанд ва аз он пурсамар истифода баранд. Зеро афзоиши босуръати аҳолӣ ва тағйирёбии иқлим моро водор менамояд, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ тадбирҳои амалӣ андешем»,-иброз дошт раиси шаҳри Ҳисор.








Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд






