Дар Суғд мусобиқоти ҳарбӣ-варзишии «Ҳомии Ватан» ҷамъбаст гардиданд

Февраль 23, 2018 11:40

ХУҶАНД, 23.02.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба 25-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳамдастӣ бо комиссариати ҳарбии вилоятӣ ва Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи гражданӣ аз 3 то 20 феврал дар варзишгоҳҳои маркази вилоят ва шаҳри Бӯстон мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ҳомии Ватан» баргузор гардид.

Дар спартакиадаи ХХ1 варзишӣ 16 дастаи ҷузъу томҳои гарнизони Суғд иштирок намуда, сарбозону афсарони дастаҳо барои дарёфти Ҷоми мусобиқаи вилоятӣ байни ҳам аз рӯи 10 намуди варзиш, аз ҷумла, кашидани банд, давидан ба масофаи 100 метр дар ҳайати даставӣ ва инфиродӣ, турниккашӣ, волейбол, футболи хурд, муҳорибаи тан ба тан, тирпарронӣ, вазнбардорӣ ва гузаштан аз монеаҳо сабқат намуданд

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» масъулин аз комиссариати ҳарбии вилояти Суғд иттилоъ доданд,  21 феврал дар толори комиссариати ҳарбии Суғд мусобиқоти мазкур натиҷагирӣ ва ҷамъбаст гардиданд.  Аз рӯи ҷамъбаст  ҷои аввал насиби афсарону сарбозони қисми низомии қӯшунҳои сарҳадӣ, ҷои дуюму сеюм насиби сарбозон — варзишгарони қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа ва Горди миллӣ гардид.

Ба иттилои масъулин, ҳадафи мусобиқаҳои варзишӣ, пеш аз ҳама,  баланд бардоштани малакаю маҳорати ҷангию тактикӣ ва омодабошии ҳарбии сарбозону афсарон, содиқ будан ба Модар — Ватан ва ҳамзамон мустаҳкам намудани робитаи дӯстӣ байни сарбозони қисмҳои низомии гарнизон  ба ҳисоб меравад.

 

 

 

 

 

Февраль 23, 2018 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд