ДАР ТОШКАНД ХОНАИ САВДОИ ТОҶИКИСТОН ИФТИТОҲ ГАРДИД
ДУШАНБЕ, 23.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тошканд бо иқдоми ҶДММ «Ғаюр» «Хонаи савдои Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид. Дар маросими он Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Имомӣ Содиқ Ашурбойзода, намояндагони масъули вазорату идораҳои марбутаи Ӯзбекистон ва дигар табақаҳои соҳибкорию тиҷоратӣ иштирок карда, сухан гуфтанд.
Дар Хонаи савдо ҳоло асосан маҳсулоти сохтмонии истеҳсоли гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр» ба фурӯш гузошта шудаанд. Бояд тазаккур дод, ки корхонаҳои гурӯҳи «Ғаюр» яке аз калонтарин истеҳсолкунандагони семент на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақаи Осиёи Миёна маҳсуб меёбанд. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои мазкур ба кишварҳои ҳамҷавори Тоҷикистон, назири Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон содирот мегардад.
Дар радифи истеҳсоли семент корхонаҳои гурӯҳи «Ғаюр» инчунин варақаҳои гаҷкартон, армстрон, профилҳои оҳанӣ, оҳаки сохтмонӣ, гаҷи сохтмонӣ, халтаҳои полипропиленӣ, маҳсулоти бетонӣ ва ғайра истеҳсол менамоянд.
ҶДММ «Ғаюр» нақша дорад, ки дар оянда Хонаи Савдои Тоҷикистонро дар Қирғизистон ва Афғонистон низ ифтитоҳ намуда, иқтидори содиротии мамлакатро тақвият бахшад ва барои беҳтар гардонидани тавозуни савдои хориҷӣ заминаи воқеӣ фароҳам орад.








Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд






