Дар Туркманистон гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон ташкил гардид

Февраль 20, 2018 09:28

ДУШАНБЕ, 20.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон бахшида ба рӯзи касбии кормандони ҳайати дипломатии Туркманистон барномаҳои фарҳангию консертӣ ва конфронс зери унвони  «Дипломатияи Роҳи бузурги абрешим: ҷашни сулҳу дӯстӣ ва ҳамкорӣ» баргузор гардиданд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳошияи таҷлили  ин ҷашнвора гӯшаи фарҳангии намояндагони корпуси дипломатии муқими Ашқобод, аз  ҷумла, кишварҳои масири Роҳи абрешим ороста шуд, ки дар он Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ашқобод низ ширкат варзид. Асбоби мусиқӣ, зардӯзию либосҳои миллии тоҷикӣ, китобҳову маводи сайёҳӣ ҷиҳати муаррифии фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ва табиати беназири мамлакат дар гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон гузошта шуда, иштирокчиёни намоишгоҳ аз он дидан карданд.

Дар қисмати дуюми барнома Конфронс зери унвони  «Дипломатияи Роҳи бузурги абрешим: ҷашни сулҳу дӯстӣ ва ҳамкорӣ» бо иштироки муовини Раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов, намояндагони вакилони Маҷлис, роҳбарони ҳайати корпуси дипломатӣ, инчунин муассисаҳои илмии олӣ, намояндагони ВАО ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни Конфронс сухан ба роҳбарони ҳайати корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода дода шуд.

Сафири Тоҷикистон роҷеъ ба таърих ва нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули Роҳи бузурги абрешим, аҳамияти он миёни кишварҳои минтақа ва умуман давлатҳои Шарқу Ғарб, инчунин доир ба муносибатҳои дуҷониба сухан гуфт.

 

 

 

Февраль 20, 2018 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд