Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳо аз рӯи 5 ихтисос тибқи низоми фосилавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд

Февраль 1, 2018 15:03

ДУШАНБЕ, 1.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ таъсис ёфта, донишҷӯён аз рӯи 5 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар ин бора ректори   Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Маҳмадулло Раҷабзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод хабар дод.

Мавсуф зикр намуд, ки дар ин раванди  таҳсил усулҳои робитаи зич байни омӯзгор ва донишҷӯ амалӣ шуда,  робита аз рӯи ангораи таҳсили рӯзона иҷро мегардад. Ҳангоми таҳсили фосилавӣ таълимгоҳҳо метавонанд аз  шаклҳои гуногун, монанди барномаҳои компютерии махсус интихобшуда ва ба донишҷӯ мувофиқ, конфронс — робита, почтаи электронӣ, онлайн-мессенҷерҳо ва ғайраҳо истифода намоянд.

Маҳмадулло Раҷабзода ҳамчунин изҳор намуд, ки Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон бо зиёда аз 40 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ ва соли 2017 бо 6 давлат созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.

«Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи донишу малакаҳои касбӣ 51 нафар донишҷӯёни Донишкада ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии мардумии Чин, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Россия сафарбар гардидаанд»,-иброз дошт Маҳмадулло Раҷабзода.

Ректори Донишкада зикр кард, ки қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба донишкада тибқи низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, ҳоло зиёда аз сад нафар донишҷӯёни хориҷӣ дар Донишкада таҳсили илм доранд.

 

 

Февраль 1, 2018 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст