Донишҷӯёни Донишкадаи идоракунии давлатӣ аз аттестатсияи давлатии хатм бомуваффақият гузаштанд

Февраль 9, 2018 10:16

ДУШАНБЕ, 09.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо назардошти навтаъсисис будани Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2017  бори аввал 70 нафар донишҷӯёни шуъбаи рӯзонаи ин даргоҳ дар зинаи бакалавриат ва 23 нафар дар зинаи магистратура аз аттестатсияи давлатии хатм бомуваффақият гузашта, 9 нафари онҳо соҳиби дипломи аъло гардиданд. Дар ин бора ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода  имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки соли сипаришуда 39 курси азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ дар асоси «Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018»  гузаронида шудааст, ки дар он 1590  нафар иштирок намудаанд.

Ба иттилои масъулин, ташкилу ба роҳ мондани чунин курсҳо ба раванди такмили ихтисоси  хизматчиёни давлатӣ мусоидати беш  карда,  ба ҳамин далел талабот аз ҷониби шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои такмили ихтисоси кормандонашон зиёд гардидааст.

Дар ҷараёни нишасти матботӣ ҳамчунин хабар дода шуд, ки бо назардошти шароити хуби илмомӯзӣ дар ин муассисаи олии касбии мамлакат соли 2017 донишҷӯёни Донишкада дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, 12 нафари онҳо соҳиби ҷоиза ва ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Ректори Донишкада ҳамкории ин муассисаи олии касбии ҷумҳуриро бо Академияҳои хизмати давлатии Федератсияи Россия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва созмонҳои дигари байналмилалӣ махсус таъкид намуда, ин ҳамкориро ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш, маҳорати кордониву корбарии самти идораи давлатӣ ва хизмати давлатии магистрантон ва табодули таҷрибаи хизматчиёни давлатӣ муҳим арзёбӣ кард.

Февраль 9, 2018 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд