Донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён мегарданд

Февраль 1, 2018 14:58

ДУШАНБЕ, 1.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Соли сипаригардида донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмуъмин Раҳимов дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд. Дар ин бора ректори Донишкадаи мазкур Шодӣ Сафаров имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Номбурда илова намуд, ки  яке аз донишҷӯёне, ки Парчами Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт,   ҷаҳонпаҳлавон Беҳрӯз Хоҷазода мебошад, ки дар чемпионати ҷаҳон оид ба  самбо дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия миёни  беҳтарин варзишгарони сайёра соҳиби медали тилло ва унвони қаҳрамони ҷаҳон гардид.

«Ин ғолибияту дастовардҳои донишҷӯёни мо аз таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба варзишгарон дарак медиҳад, зеро имрӯз дар мамлакат барои варзишгарон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст»,-гуфт Шодӣ Сафаров ва илова намуд, ки “донишҷӯёни мо бо ғалабаҳои бадастоварда қонеъ нагардида, дар оянда низ барои муаррифии Тоҷикистон ва содиқ будан ба боварии Пешвои миллат кӯшиш хоҳанд кард».

Маврид ба зикри хос аст, ки варзишгари 22-солаи тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, ки дар  шаҳри Сочии Федератсияи Россия баргузор гардид, дар вазни 74 кило соҳиби ҷои аввал гардид. Ӯ баъди 42 соли интизорӣ дастоварди ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Саидмӯъмин Раҳимовро такрор кард ва унвони чемпиони  ҷаҳон оид ба самборо ба даст овард.

 

 

Февраль 1, 2018 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд