Донишманди тоҷик, муаллифи асари «Ин аст Ҳиндустон» сазовори ҷоизаи «Падма Шри» гардид
ДУШАНБЕ, 26.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Профессори кафедраи филологияи ҳинди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳабибулло Раҷабов аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон бо ҷоизаи «Падма Шри» («Ордени нилуфар») сарфароз гардонида шуд. Донишманди тоҷик барои дастовардҳои назаррас, саҳми бузург ва хизматҳои шоёнаш дар ташаккули ҳамкории илмию фарҳангии Тоҷикистону Ҳи ндустон дар бахши «Адабиёт ва маориф» бо Ордени «Падма Шри» мукофотонида шуд.
Ҷоизаи «Падма Шри», ки соли 1954 таъсис дода шудааст, яке аз чор мукофоти давлатии шаҳрвандии Ҷумҳурии Ҳиндустон мебошад, ки ҳамасола ба шахсиятҳои намоёни соҳаҳои илму санъат, иҷтимоӣ, тиб, адабиёт, маориф, тиҷорату саноат ва варзиш супорида мешавад.
Ҳабибулло Раҷабов дар миқёси давлатҳои Осиёи Марказӣ аввалин нафарест, ки соҳиби ҷоизаи «Падма Шри» гардид. Ҳ. Раҷабов дастпарвари шуъбаи забонҳои ҳиндӣ ва урдуи факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург мебошад. Мавсуф зарфи 22 сол ба ҳайси мудири кафедраи филологияи Ҳинду Покистони факултаи забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намуда, садҳо нафар мутахассисони бахши забонҳои ҳиндиро ба камол расонидааст. Донишманди тоҷик дар зарфи 50 соли фаъолияти илмӣ муаллифи 15 китоб ва беш аз 200 мақолаи илмӣ буда, чандин асарҳои нависандагони машҳури Ҳиндро ба забони тоҷикӣ тарҷума намуда, дар ташаккули робитаҳои илмии Тоҷикистону Ҳиндустон саҳми босазо гузоштааст. «Ин аст Ҳиндустон», «Таърихи адабиёти Ҳиндустон дар давраи нав» аз китобҳои зарфи солҳои охир навиштаи профессоранд.
Донишманди тоҷик дар радифи 30 ҳиндушиноси шинохтаи ҷаҳон қарор дошта, алҳол дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мудири шуъбаи мамлакатҳои Осиёи Ҷануб ва Шарқи Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупо фаъолият менамояд. Инчунин раисии Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустонро ба уҳда дорад.
Профессори тоҷик дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки Ҷоизаи давлатии Ҳукумати Ҳиндустон «Падма Шри»-ро ба ӯ дар Душанбе Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатх Гош тақдим намуд.








Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд






