ДУ БЕҲАЁ. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти мардҳое, ки либоси занона ба бар карда буданд, хабар дод
ДУШАНБЕ, 22.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашри навбатии барномаи телевизионии «Ахбори ВКД – Сипар» аз боздошти ду нафар сокини ноҳияи Шаҳритус, ки бо пӯшидани либосҳои занона худро аз чашми қонун ва кормандони милитсия пинҳон намуда, дар байни ҷомеа гашту гузор мекарданд ва гумон доштанд ки кирдори ҷиноятии онҳо пинҳон мемонад, хабар дод.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин нафарон Сафаров Акмал Абдураҳимович, соли таваллудаш 1985 ва Нуралиев Алишер Холдорович, соли таваллудаш 1983, зода ва истиқоматкунандагони ноҳияи Шаҳритус мебошанд, ки бар асоси моддаҳои 32 ва 401, эзоҳи 1-и дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардида, яъне сӯиқасд ба ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрвандӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳои гумонбар дониста шуда, дар кофтукови ҷиноятӣ қарор доштанд.
Номбурдагон бо пӯшидани либосҳои занона худро аз чашми қонун ва кормандони милитсия пинҳон намуда, дар байни ҷомеа гашту гузор мекарданд ва гумон доштанд, ки ин кирдори ҷиноятии онҳо пинҳон мемонад. Аммо корҳои фаврӣ ва дуруст ба роҳ мондани чорабиниҳои мақсаднок ба кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ имкон дод, ки зимни доир намудани амалиёти махсус номбурдагонро дастгир намоянд.
Зимни навори видеоӣ Акмал Сафаров иброз медорад, ки ӯ аз соли 2015 ба гурӯҳи террористии салафӣ ҳамроҳ шудааст. «Ман, Улуғбек ва Акмал якҷоя Қазоқистон рафтем. Дар онҷо як бачаи ношинос худашро Абдулло гуфта, шинос кард. Моро дар аэропорт ӯ пешвоз гирифт. Бори дуюми ба онҷо рафтан мо мақсад доштем, ки барои ҳиҷрат ба Сурия равем»,-мегӯяд ӯ.
Бино ба иттилои мақомот, дар ҳоли ҳозир Акмал Сафаров ва Алишер Нуралиев ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, нисбат ба онҳо корҳои тафтишотӣ идома доранд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






