Эълони озмун бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва хотираи муаллифи «Тоҷикон»

Февраль 9, 2018 11:09

ДУШАНБЕ, 9.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 21-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва гиромидошти хотираи Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров якҷоя бо нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон- рӯзномаи «Ҷумҳурият» озмун эълон менамояд.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси  вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар озмун журналистони касбӣ, адибону публитсистон ва ҳамаи онҳое, ки ба эҷод алоқаманданд, иштирок карда метавонанд.

Ба иттилои манбаъ, асарҳо дар қолаби жанрҳои журналистию публитсистӣ дар ҳаҷми то 4 саҳифа бо ҳарфи Arial tj, андозаи 14 қабул карда мешаванд.

Ёдрас мешавем, ки озмуни мазкур аз 1 феврал то 1 июн идома ёфта, дар арафаи 21-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъбаст мегардад. Ба ғолибони озмун мутаносибан 5000 сомонӣ, 3000 сомонӣ ва 1500 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.

 

 

Февраль 9, 2018 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд