«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ҲОМӢ ВА РАҲНАМОИ ҶАВОНОН». Дар Душанбе таҳти ин ном китоби нав ба табъ расид, ки ба Соли ҷавонон бахшида шудааст

Февраль 15, 2018 15:14

ДУШАНБЕ, 15.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Нашриёти  «Истеъдод» китоби наверо таҳти унвони «Эмомалӣ  Раҳмон-  ҳомӣ  ва раҳнамои ҷавонон»  бо  теъдоди 100 нусха аз чоп баровард. Муаллифони   китоби мазкур Абдураҳмон Хонзода ва Бахтиёр Ҳамдам  буда,   он зери назари муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода нашр гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки китоби мазкур аз дастовардҳои мамлакат дар замони истиқлолият оид ба сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон, ки дар он саҳм ва нақши асосиро Асосгузои сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишғол менамояд, маълумот медиҳад.

Ин китоб ба Соли ҷавонон бахшида шуда, муаллифон кӯшидаанд, ки сиёсати бунёдкорона, мутавозин ва дурбинонаи Президентро оид ба сиёсати ҷавонон бо мисолҳо ва далелу арқоми мушаххас возеҳу равшан инъикос намоянд.

 

 

 

Февраль 15, 2018 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд