Эмомалӣ Раҳмон: «Шарикии Тоҷикистону Қирғизистон минбаъд низ бемайлон ба манфиати кишварҳоямон ва ҳамаи минтақа рушд мекунад»
ДУШАНБЕ, 01.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Шарикии Тоҷикистону Қирғизистон минбаъд низ бемайлон ба манфиати кишварҳоямон ва ҳамаи минтақа рушд мекунад», — изҳор доштанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз мулоқоту музокирот бо Президент Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мулоқоти имрӯза дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Сооронбой Шарипович Жэнбеков ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯҳияи созанда ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.
«Мо дар заминаи принсипҳои бунёдии ҳамҷавории нек ва ҳамсонии манфиатҳо тамоми маҷмӯи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон ва дурнамои рушди минбаъдаи онҳоро баррасӣ намудем.
Қобили зикр аст, ки сафари муҳтарам Сооронбой Шарипович ба 25-умин солгарди истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни кишварҳоямон сурат мегирад. Тайи ин давра муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон тамоюли мусбати рушдро дар ҳама самтҳои калидии ҳамкорӣ соҳиб шуданд», — изҳор намуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Матни пурраи изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз мулоқоту музокирот бо Президент Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар сомонаи АМИТ «Ховар» нашр хоҳад шуд.








Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд






