Эмомалӣ Раҳмон: «То ҷашни 30-солагии истиқлолият дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат иншооти варзишӣ бунёд мешаванд»

Февраль 14, 2018 15:07

ДУШАНБЕ, 14.02.2018 /АМИТ «Ховар»/.  «Тавре дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштам, мо бояд ба оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш дар мамлакат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем, зеро варзиш ҳамчун қосиди сулҳ воситаи беҳтарини муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад», —  зикр  карданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар   ҷаласаи Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпӣ ва мулоқот бо масъулини соҳаи варзиш.

Президенти мамлакат ҳамчунин иброз доштанд, ки  дар идомаи тасмими роҳбарияти шаҳри Душанбе оид ба бунёди майдончаҳои варзишӣ ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки то ҷашни 30 – солагии истиқлолият ҳамаи имкониятҳоро барои бунёди иншооти варзишӣ, яъне оммавигардонии варзиш, ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиш сафарбар созанд.

Зикр гардид, ки ба ин раванд соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони саховатпеша ҷалб карда, дар маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот, маҳалҳои аҳолинишин ва деҳаҳои калон майдону толорҳои варзишӣ бунёд карда шаванд.

«Дар иртибот ба фаъолияти иншооти варзишӣ таъкид менамоям, ки бо гармӣ таъмин намудани онҳо дар фасли зимистон аз ҷумлаи масъалаҳои муҳиму ҳалталаб мебошад. Вобаста ба ин, сохтору мақомоти дахлдор дар доираи имкониятҳои мавҷуда масъалаи ҷорӣ намудани тарифҳои имтиёзноки пардохти ҳаққи истифодаи қувваи барқ ва гармиро барои иншооти варзишие, ки дар онҳо аъзои дастаҳои мунтахаб тамрин менамоянд, омӯхта, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод манзур намоянд», — супориш доданд Роҳбари давлат ба масъулин.

 

 

Февраль 14, 2018 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид