Фаррух Ҳамрализода: «Дар Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии 13 лоиҳаи сармоягузорӣ бо шарикони рушд 18 созишномаи нав ба имзо расид»

Февраль 13, 2018 16:00

ДУШАНБЕ, 13.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта  ҷиҳати амалисозии 13 лоиҳаи сармоягузорӣ бо шарикони рушд 18 созишномаи нав ба маблағи умумии беш аз  608 миллион доллар ба имзо расонида шуд, ки ин назар ба соли 2016  362 миллион доллар зиёд мебошад.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода 13 феврал дар Душанбе дар ҷамъи хабарнигорон, ки аз фаъолитяти ин ниҳод дар соли 2017 натиҷагирӣ кард,  гуфт, ки аз маблағи умумии созишномаҳои баимзорасида наздик ба 475 миллион долларро маблағҳои қарзӣ ва қариб 134 миллион долларро воситаҳои грантӣ ташкил медиҳанд.

Таъкид шуд, ки дар доираи созишномаҳои нав барои дастгирии буҷети давлатӣ 50 миллион доллар, соҳаи энергетика беш аз 385 миллион доллар, нақлиёт 75 миллион доллар, ҳолатҳои фавқулода 50 миллион доллар, маориф  беш аз 36 миллион доллар ва хоҷагии манзилию коммуналӣ зиёда аз 11 миллион доллар кумаки берунӣ равона карда мешаванд.

Маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар мамлакат то 1 январи соли 2018 аз 68 адад лоиҳа, аз ҷумла, 25 лоиҳаи грантӣ, 14 лоиҳаи қарзӣ ва 29 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарзу грант иборат мебошад, ки маблағи умумии он 24,9 миллиард  сомониро ташкил медиҳад.

Зикр шуд, ки азхудкунии маблағҳо дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда соли  гузашта дар маҷмӯъ 2,59 миллиард сомониро ташкил дод. Ҳамзамон дар ин давра дар ҷумҳурӣ беш аз 360 корхонаю ташкилот бо сармоягузориҳои хориҷӣ фаъолият намуданд.

Инчунин бо мақсади ҷалби сармоя ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва муаррифии имкониятҳои сармоягузориву соҳибкории Тоҷикистон Форуми соҳибкорони Тоҷикистон бо соҳибкорони давлатҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон,  Амрико, Чехия, Туркия, Британияи Кабир, Австрия, Финляндия, Ҳиндустон, Арманистон, Амрико, Ӯзбекистон, Қатар, Чин, Амороти Муттаҳидаи Араб ва намоиши молҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон баргузор гардиданд.

Февраль 13, 2018 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд