Фурӯшандаи дорувориҳои гуманитарии марбут ба бемориҳои сил ба ҷавобгарӣ кашида мешавад
ДУШАНБЕ, 10.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти мудири анбори Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Назар Раҷабов хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, Назар Раҷабов ба фурӯши дорувориҳои гуманитарии марбут ба бемориҳои сил, ки аз барномаи хориҷии НОРЕ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, машғул шуда, аз шаҳрванд «А» барои дастрас намудани ин навъи доруворӣ, ки бояд ройгон дода мешуд, 5000 сомонӣ талаб намудааст.
Дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаврӣ-тафтишотӣ Назар Раҷабов зимни ба шаҳрванд «А» фурӯхтани дорувории зикргардида дастгир шуда, маблағи 5000 сомонӣ аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
«Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Назар Раҷабов бо моддаи 257 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад»,-илова намуд манбаъ.








Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд






