ФУТБОЛ: дастаи «Панҷшер» бар дастаи «Локомотив Помир» ғалаба кард
ДУШАНБЕ, 09.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор байни дастаҳои футболи «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ ва «Локомотив Помир»-и Душанбе дар доираи даври якуми Ҷоми ФФТ бозӣ баргузор гардид.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, футболбозони дастаи «Панҷшер» аз оғоз то анҷом бозиро дар ихтиёр дошта, ба дарвозаи рақибон чор гол равон намуданд. Бозингарони дастаи футболи «Локомотив Помир» низ ба задани ду гол муваффақ шуданд. Дастаи футболи «Панҷшер» даври якуми Ҷоми ФФТ-ро бо пирӯзӣ оғоз кард.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои дигари даври якуми Ҷоми ФФТ бо чунин натиҷа хотима ёфтанд: дастаи КМВА «Помир»-и Душанбе бар дастаи футболи «Истаравшан» -и Истаравшан бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад. Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе бар дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бар дастаи футболи «Ашт»-и Ашт бо ҳисоби калони 5:0 ғолиб омад.
Хотиррасон менамоем,ки бозиҳои гурӯҳи «А» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор ва гурӯҳи «Б» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардида истодаанд.
Ба иттилои мақомоти Лигаи футболи Тоҷикистон, ба марҳилаи финалии Ҷоми ФФТ ба ҷойи дастаи «Барқчӣ»-и Ҳисор дастаи «Локомотив-Помир»-и Душанбе роҳ дода шуд. Зеро дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки аслан аз ҳисоби бозингарони дастаи «Барқчӣ» таркиб ёфтааст, ҷамъомади таълимиву тамриниашро дар Туркия мегузаронад.
Тибқи дастури мусобиқот, барои Ҷоми ФФТ аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба нимфинал мебароянд. Баъдан ғолибони бозиҳои нимфиналӣ дар финал рақобат мекунанд. Дастаҳои мағлубшуда барои ҷойи сеюм мубориза мебаранд. Бозиҳои ҳалкунандаи Ҷоми ФФТ 16 феврал баргузор мешаванд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






