ФУТБОЛ: санаи баргузории Суперҷоми Тоҷикистон муайян гардид
ДУШАНБЕ, 27.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Лигаи футболи Тоҷикистон санаи баргузории Суперҷоми мамлакат байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд-ро муайян кард.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, вохӯрӣ байни дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Хуҷанд» 2 марти соли равон, соати 16:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад.
Хотиррасон мекунем, ки Суперҷоми Тоҷикистон аз соли 2010 то инҷониб баргузор мешавад. Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе аз ҳама бештар- шаш маротиба ин ҷоизаро соҳиб шудааст. Дастаи футболи «Истиқлол» солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015 ва 2016 ба гирифтани Суперҷом даст ёфтааст.
Соли 2013 дар финали мусобиқаи мазкур дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб дар майдонаш дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзодаро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуда, ҷомро соҳиб гардид.
Соли 2017 дастаи футболи «Ҳосилот»-и Фархор дар даври ниҳоӣ бар дастаи «Истиқлол»- и Душанбе бо ҳисоби 2:1 ғолиб омада, ҷоизаи мазкурро ба даст овард.








Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд






