«HAY! – САЛОМ!»-чунин хотима меёбад яке аз таронаҳои машҳури Гурӯҳи «Humming House»-и ИМА. Онҳо ба Тоҷикистон меоянд

Февраль 16, 2018 10:33

ДУШАНБЕ, 16.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи  мусиқии «Humming House» аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бори аввал ба Тоҷикистон меояд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, сафари гурӯҳи машҳури амрикоӣ аз 1 то 8 марти соли равон идома меёбад.

Ба иттилои манбаъ, гурӯҳи мазкур зимни сафари худ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Бохтар барномаҳои консертӣ ва машғулиятҳои мусиқӣ баргузор менамояд.

Дар шаҳри Душанбе барномаи консертии гурӯҳи «Humming House» 3 марти соли равон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев манзури мухлисони санъат мегардад.

Ёдовар мешавем, ки «Humming House» гурӯҳи машҳури амрикоӣ буда, соли 2011 ташкил шудааст. Соли 2012 аввалин албоми мусиқии аъзои гурӯҳ ба нашр расида буд.

Охирин албоми пурраи мусиқиашон таҳти унвони «Ҳамшарик» соли 2017 дастраси мухлисон гардидааст.

 

 

Февраль 16, 2018 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд