Холмурод Раҳмон, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ: «Сари вақт ва пурра пардохт накардани ҳаққи хизмати обрасонӣ аз мушкилоти асосии соҳа аст»

Февраль 8, 2018 15:06

ДУШАНБЕ, 08.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Сари вақт ва пурра пардохт накардани ҳаққи хизмати обрасонӣ яке аз мушкилоти асосии соҳа буда, то 1 январи соли 2018 қарзи хоҷагиҳои кишоварзӣ  ва дигар истифодабарандагони об дар назди идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо 18,2 млн. сомонӣ ва бо назардошти қарзи солҳои пешин 101,6 млн. сомониро ташкил менамояд. Дар ин бора директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони ВАО ибрози назар кард.

Бино ба маълумоти Х. Раҳмон, бо мақсади рӯёнидани маблағи қарз аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ дар давраи ҳисоботӣ ба мақомоти Суди иқтисодӣ ва Прокуратура ба маблағи 14,6 млн. сомонӣ (нисбат ба соли гузашта 2,3 млн. сомонӣ зиёдтар) ҳуҷҷат ва аризаҳои даъвогӣ пешниҳод гардида, ба фоидаи идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо маблағи 4,08 млн.сомонӣ рӯёнида шудааст ва ҳалли маблағҳои боқимонда- 10,5 млн. сомонӣ дар арафаи баррасӣ қарор дорад.

“Пурра пардохт нашудани хаққи хизмати обрасонӣ аз ҷониби истифодабарандагон боиси афзоиш ёфтани қарзҳои дебиторӣ гардидааст, ки 119,9 млн. сомониро ташкил менамояд. Ин дар навбати худ ба зиёдшавии қарзҳои кредиторӣ, сари вақт пардохт накардани қарзи неруи барқ, пардохти суғуртаҳои иҷтимоӣ, андозҳо ва музди меҳнати коргарони корхонаву ташкилотҳои зертобеи Агентӣ сабаб гардидааст. Қарзҳои кредиторӣ имрӯз 229,3 млн. сомониро ташкил менамоянд”, -илова намуд директори Агентӣ.

 

 

Февраль 8, 2018 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст