Хонандагони муассисаи таълимии маркази ноҳияи Ванҷ таҳсилро дар бинои сеошёнаи замонавӣ оғоз мекунанд
ХОРУҒ, 9.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами чоруми ноҳияи Ванҷ дар арафаи ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсили худро дар бинои сеошёнаи замонавӣ оғоз мекунанд. Бинои кӯҳнаи таълимгоҳ ҳарчанд солҳои 70-уми асри гузашта сохта шудааст, аммо ба низоми таълими муосир ҷавобгӯ нест. Илова бар ин бар асари зилзилаи пай дар паи чанд соли охир девор, шифту боми он зарари ҷиддӣ дида, ҳоло ба таъмири пурра ниёз дорад. Омӯзгори собиқадори ин ноҳия Саломат Шарифов гуфт, ки «ҳангоми мулоқот бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони маркази ноҳия хоҳиш намуданд, ки барои фарзандонашон мактаби замонавии мутобиқ ба замони муосир бунёд намоянд. Баъди ҳамагӣ як сол бунёди бино шурӯъ шуд ва он дар соли нави таҳсил мавриди баҳрбардорӣ қарор мегирад. Кӯдакону наврасон, омӯзгорону волидон хеле шоданд, ки ин орзуи деринаи онҳо моҳҳои наздик амалӣ мешавад».
Бинои мактаб бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ бунёд гардида, сохтмони онро Ҷамъияти дорои масъудияти маҳдуди «Ҷовид» бар уҳда дорад. Сардори ҷамъияти мазкур Воҳид Искандаров аз таъмини коргарон бо маош ва масолеҳи сохтмонӣ қаноатманд буда, гуфт, ки «онҳо то ҳол ба маблағи зиёда аз 6 миллион сомонӣ корҳои сохтмониро анҷом дода, ният доранд то даҳаи дуюми моҳи августи соли равон онро ба истифода диҳанд. Бинои таълимгоҳ аз се ошёна, 25 синфхона, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ бо 260 ҷои нишаст, китобхонаи электронӣ ва майдончаи варзишӣ иборат аст».
Омӯзгори ин мактаб Саломат Шарифов гуфт, ки синфхонаи компютерӣ ба шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст карда мешавад. Ин ба хонандагон имконият медиҳад, ки дар зудтарин фурсат оид ба фанҳои гуногун маълумоти иловагӣ дастрас кунанд.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд






